Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Покистон


Дар теппаҳои канори шаҳри Исломобод амалиёти наҷоти сарнишинҳои ҳавопаймои сарнагуншуда идома дорад. Субҳи рӯзи чоршанбе ҳавопаймои як ширкати хусусии Покистон бо 152 мусофир сарнагун шуд. Зоҳиран сабаби суқути ҳавопаймо қабати бузурги абр ва борони шадид будааст.

Ҳавопаймои мусофирбари покистонӣ бо 152 сарнишин ба теппаҳои канори пойтахти ин кишвар шаҳри Исломобод бархӯрд. Тахмин мешавад, ки абри зиёду борони шадид сабабгори ин фоҷеа ҳастанд. То нисфирӯзии чоршанбе гурӯҳҳои наҷот 40 ҷасадро пайдо намуданд. Бар илова хабарҳои ибтидоӣ дар бораи мардуми наҷотёфта тасдиқ нашудааст.

Эйрбас 320-и ширкати хусусии Эйрблу дар хат-сайри Карочӣ-Исломобод парвози тақрибан дусоатаро анҷом медод.

Ҳукумати Покистон ба хешу наздикони қурбониҳои ин садама таъзия баён намуда, як рӯз мотами миллӣ ҷорӣ кардааст. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтерс Амир Маҳмуд ном шахсе гуфт, ки дар бораи бародараш ҳеҷ иттилое дастрас накардааст:

"Бародари бузургам ба воситаи Эйрблу аз Карочӣ меомад. Мо маълумот надорем, ки ҳоло ӯ дар куҷост. Номаш дар рӯйхати мусофирон сабт шудааст".

Passenger Plane Crashed In Pakistan
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00
Линки мустақим


То кунун сабаби аслии ин фоҷеа ошкор нашудааст. Шоҳидон мегӯянд, ҳодиса замони фурӯди ҳавопаймо ба вуқӯъ пайваст. Нафаре аз шоҳидон ба хабарнигорон гуфт, ки дар миёни абри зиёду борони шадид ҳавопаймо ба як навъе мувозинаташро аз даст дода буд.

Хабаргузории Рейтерс аз нақли афсарони полис бо номи Бин Ямин овардааст, ки ҷасадҳои мусофирон дар макони суқут паҳну парешон шуда буданд ва дар байни онҳо чанд тан бо ҷароҳатҳо зинда буданд. Ба гуфти ин мансабдор, маҷрӯҳонро бо чархбол ба шифохона интиқол доданд.

Амалиёти наҷот дар шароити кӯҳсор душвор аст. Хешу наздикони мусофирони ҳавопаймо дар фурӯдгоҳи Исломобод мунтазири иттилоъ мебошанд.

Ширкати Эйрблу дар соли 2004-таъсис ёфтааст. Раҳил Аҳмад сухангӯи ин ширкати ҳавопаймоӣ мегӯяд, ки ин аввалин фоҷеаи ҳалокатбори ҳавопаймои ин ширкат аст. Дар Фаронса намояндаи Эйрбас иброз дошт, ки бо дастрас шудани маълумоти бештар дар бораи сабабҳои суқути ҳавопаймо иттилои бештар хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG