Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳавопаймои Покистон набудаанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, баъд аз суқути ҳавопаймои мусофирбари ин кишвар, ки 152 нафар сарнишин доштааст, 20 ҷасадро пайдо кардаанд. Ин ҳавопаймо дар теппаҳои наздикии шаҳри Исломобод суқут кардааст. Имтиёз Иноят-як мақоми аршади шаҳрдории Исломобод ба телевизиони Geo гуфтааст, "чанд ҷасад дар маҳали ҳодиса хобидаанд. Чаҳор ё панҷ часад гирифта шудааст". Панҷ нафар бозмондагон ё наҷотёфтагон низ пайдо шудаанд. Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Покистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистон набудаанд:

"Ҳатто аз сафорат ҷои ҳодиса дида мешавад. Мақомоти расмии Покистон аз телевизион хабар медиҳанд, ки 5-8 нафар зинда мондаанд ва аз шҳрвандони Тоҷикистон касе дар ин ҳавопаймо набудааст".


Ин ҳавопаймо, ки ба ширкати хусусии Air Blue тааллуқ дошт, аз Карочӣ ба Исломобод парвоз мекард ва ҳодиса дар 2 километрии Исломобод рух дод. Сухангӯи ширкат гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд ҳавои бад сабаби суқуқти ҳавопаймо шудааст.
XS
SM
MD
LG