Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷори роҳ 25 мусофири автобус кушта шуданд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, дар вулусволии Дилором автобусе дар роҳ ба мина бархӯрда мунфаҷир шудааст. 25 нафар дар ин ҳодиса кушта, 27 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ғулом Дастагир Озод-волии вилояти Нимрӯзи Афғонистон гуфтааст, ин автобус ба сӯи вилояти Нимрӯз ҳаракат мекардааст. Ба гуфтаи вай, нируҳои эътилоф дар интиқоли афроди маҷрӯҳ кӯмак кардаанд. Гузоштани мина дар роҳҳои мошингард яке аз шеваҳои маъмули муборизаи Толибон дар Афғонистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG