Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар наздикии Исломобод


Мақомоти Покистон мегӯянд, баъд аз суқути ҳавопаймои мусофирбари ин кишвар, ки 152 нафар сарнишин доштааст, 5 ҷасадро пайдо кардаанд. Ин ҳавопаймо дар теппаҳои наздикии шаҳри Исломобод суқут кардааст. Имтиёз Иноят-як мақоми аршади шаҳрдории Исломобод ба телевизиони Geo гуфтааст, "чанд ҷасад дар маҳали ҳодиса хобидаанд. Чаҳор ё панҷ часад гирифта шудааст". Панҷ нафар бозмондагон ё наҷотёфтагон низ пайдо шудаанд. Ин ҳавопаймо, ки ба ширкати хусусии Air Blue тааллуқ дошт, аз Карочӣ ба Исломобод парвоз мекард ва ҳодиса дар 2 километрии Исломобод рух дод. Сухангӯи ширкат гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд ҳавои бад сабаби суқуқти ҳавопаймо шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG