Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ даъвои донишгоҳи Хуҷандро қабул накард


Додгоҳи Суғд баъд аз расидагии дубора ба аризаи кассатсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд қарори додгоҳи Хуҷандро дар бораи поин бурдани ҳақи таҳсил бар нафъи донишҷӯён бетағйир гузошт. Дар ин бора хабарнигори радиои Озодӣ аз Хуҷанд гузориш медиҳад. Дар оғози соли ҷорӣ гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба додгоҳи Хуҷанд аз беасос боло бурдани ҳаққи таҳсил аз ҷониби раҳбари ин донишгоҳ ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда, моҳи май баъди расидагии семоҳа пирӯз гашта буданд . Додгоҳ қарор карда буд, ки ҳақи таҳсил барои донишҷӯёни соли аввал аз 900 то 700 доллар ва барои солҳои дигар аз 800 то 700 сад доллар кам карда шавад. Додгоҳ мегӯяд Донишгоҳ ҳарсола беасос нархи таҳсилро боло мебарад ва ин ба донишҷӯи тоҷик гарон аст.
Аммо раҳбарияти Донишгоҳ мегӯяд, ин амр бо ризояти тарафайн сурат мегирад ва арзиши таҳсилро кам намекунанд ва ин навбат низ аз қарори додгоҳи вилоятӣ ба зинаи болоии додгоҳ боз шикоят хоҳанд бурд .
XS
SM
MD
LG