Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, Узбакистон аз нав ба банд кардани вагонҳои Тоҷикистон оғоз намуда, дар зарфи як ҳафтаи ахир ягон вагони ҳомили молу колоро барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷоза надодааст. Ширкати роҳи оҳани Узбакистон сабаби ин иқдомро то ҳол шарҳ надодааст.

Атохоҷа Мирзоҷалолов, масъули дафтари матбуотии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, ба радиои Озодӣ гуфт, тайи ин рӯзҳо дар қаламрави кишвари ҳамсоя 1200 вагони ҳомили озуқа, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дар банд мондааст. Интизор мерафт ин вагонҳо ба Душанбе ва вилояти Хатлон ворид мешуданд.



Ширкати «Роҳи оҳани»-и Тоҷикистон дар пайи ин қазия зимни як нома аз ширкати роҳи оҳани Узбакистон тафсилоти бештаре хостааст, вале мақомоти кишвари ҳамсоя то ҳол посухе надодаанд.

Боздошти дубораи қатораҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки як ҳафта қабл ҷониби Узбакистон эълон кард, далели дигаре барои боздоштани ҳаракати вагонҳои Тоҷикистон вуҷуд надорад ва онҳоро ба тадриҷ раҳо хоҳад кард.

Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон низ гуфта буд, ки бо мақомоти Узбакистон дар масъалаи вагонҳои боздоштшуда ба мувофиқа расидаанд.

Нопадид шудани бори вагонҳои Тоҷикистон

Атохоҷа Мирзоҷалолов, сухангӯи дафтари матбуотии Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, муддате ҳам, ки ба вагонҳои Тоҷикистон иҷозаи вуруд медоданд, бору коло бо камбудӣ вориди Тоҷикистон мешуд. Соҳибкорон вақте, ки вагонҳоро боз мекунанд, бори худро ё гумшуда ва ё ҳам талафёфта дармеёбанд.

Ин вазъият соҳибкоронро ҳам нигарон намудааст. Бо вуҷуди муроҷиатҳои пай дар пай ва пешинҳод намудани санадҳо дар мавриди навъи бори вагон, ҳануз ҳеҷ посухе дарёфт накардаанд.

Узбакистон аз ним сол боз дар ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон мушкил эҷод мекунад. Дар оғоз Тошканд сабаби боздошти вагонҳоро ба корҳои таъмирӣ дар роҳи оҳан рабт медод. Вале дертар раиси ҷумҳури ин кишвар Ислом Каримов ҳини мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба таври ошкор эълон кард, ки то анҷоми таҳқиқи байнулмилалии тарҳи нерӯгоҳи Роғун ба вагонҳои марбут ба Роғун иҷозаи убур нахоҳад дод.

Вале ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти кишвари ҳамсоя на танҳо вагонҳои ҳомили масолеҳи сохтмонӣ, балки садҳо вагони пур аз озуқа ва сӯзишвориро низ раҳо карданӣ нестанд.

Ба гуфтаи мақомоти ширкати роҳи оҳан, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ба далели роҳбандии Узбакистон, танҳо ҳамин ширкат ҳудуди 10 миллион доллар зиён дидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG