Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи масрафоти оҷили Амрико тасвиб шуд


Конгресси Амрико бо аксарияти оро барномаи 58,8 миллиард доллар масрафоти оҷилро пазируфт. Акнун ин қонун барои имзои ниҳоӣ ба дасти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама супурда мешавад. Ин тарҳи масрафот барои идомаи ҷанг дар Ироқ ва эъзоми 30 000 нирӯи изофӣ ба Афғонистон 37 миллиард доллар ва барои рафъи авоқиби заминларзаи пурқурбонии Ҳаитӣ қариб 3 миллиард доллар ҷудо мекунад. Боқии масрафот барои иҷрои барномаҳои дохилист, аз ҷумла 5,1 миллиард доллар- барои рафъи авоқиби офатҳои табиӣ ва 13,4 миллиард – барои як гурӯҳи вижаи собиқадорони ҷанги Ветнам.
XS
SM
MD
LG