Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии Обама аз қазияи WikiLeaks


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз нашри густардаи асноди ҳассоси марбут ба ҷанги Афғонистон изҳори нигаронӣ кард, вале дар нахустин вокунишаш ба ин қазия гуфт, ки асноди нашршуда чизи наверо дар бораи ин ҷанг боз намекунад. Қариб 91 000 санади махфии Амрико, ки сомонаи WikiLeaks нашр кард, аз ҷумла мавориди гузоришношудаи ҳалокати мардуми осоишта ва сӯъиэътимод байни Амрикову Покистон дар масоили ҷанг алайҳи террорро бозгӯ мекунад.
Низомиёни Амрико мегӯянд, муҳосибаи асароти нашри ин аснод ҳафтаҳоро дар бар хоҳад гирифт. Адмирал Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико, дар Бағдод гуфт, ки нашри ин аснод ҳаёти амрикоиҳоро ба хатар мегузорад.
XS
SM
MD
LG