Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷаммӯъи эътирозӣ дар назди консулгарии Русия


Дирӯз беш аз 100 нафар, ки мехоҳанд шаҳрвандии Русияро бигиранд, дар нади дарвозаи бахши консулии сафорати Русия дар Душанбе таҷаммӯъи эътирозӣ карданд. Тазоҳургарон ба шеваи кори маъмурони консулгарӣ, ки тайи якуним моҳ дар кори худ танаффуси фаннӣ эълон карда буданд, эътироз доштанд. Эътирозгаронро дар ниҳоят кордори сафорат Владимир Ваниев ва раҳбари консулгарӣ Игор Лабутов ба ҳузур пазируфта, арзи онҳоро шунидаанд.
XS
SM
MD
LG