Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 100 кило ҳероину афюн дар Уляновск


Мақомоти вилояти Уляновски Русия дар ҷараёни як амалиёти вижа наздики 100 кило маводи мухаддири афғониро, ки 60 килояш ҳероин будааст, мусодира карданд. Ин миқдори бузурги ҳероину афюн аз мошини боркаше дар километри 199-уми шоҳроҳи Уляновск-Сизран кашф шуда, бузургтарин мавриди кашфу мусодираи маводи мухаддир дар таърихи фаъолияти Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия дар ин минтақа дониста мешавад.
Ба бовари мақомот, ин миқдор ҳероину афюнро як шаҳрванди Тоҷикистон амбор карда буд ва замоне боздошт шуд, ки мехост онро аз Уляновск ба берун барад.
XS
SM
MD
LG