Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Мирзохӯҷа Аҳмадов ба мақомоти Тоҷикистон


Мирзохӯҷа Аҳмадов, раҳбари собиқи бахши мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар водии Рашт, ба ВВС гуфтааст, ки агар давлат алайҳи ӯву тарафдоронаш иқдом кунад, онҳо ночор ба хотири дифоъ аз худ ба даст силоҳ хоҳанд гирифт. Дар ҳафтаи гузашта Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохила эълон кард, ки таҳқиқи парвандаи қатли Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН, воҳиди вижаи ин вазоратро аз сар гирифтаанд. Захарченко моҳи феврали соли 2008 дар як даргирӣ бо тобеъини Мирзохӯҷа Аҳмадов дар ноҳияи Рашт кушта шуд.
Аҳмадов даст доштанаш дар қатли ин афсари баландпояро радд карда, гуфтааст, ки моҳи октябри соли 2008 дар мулоқоти ӯву ҷонибдоронаш бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавофуқ шуда буд, ки онҳо силоҳҳои худро месупоранд ва мавриди афв қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG