Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндаи Амрико ба Тоҷикистон сафар мекунад


Фараҳ Пандитҳ, намояндаи хоси Амрико дар умури ҷомиаҳои мусалмон дар авоили моҳи август аз Тоҷикистону Қазоқистон – ду кишвари Осиёи Марказӣ дидан мекунад. Қарор аст, хонум Пандитҳ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз Душанбе, вилояти Бадахшон ва аз Хуҷанд боздид кунад. Рӯзи 4 август ӯ ба Қазоқистон рафта, аз 3 минтақаи ин кишвар –Алма-Ато, Шимкент ва Туркистон дидан хоҳад кард. Барномаи сафари Фараҳ Пандитҳ ба Тоҷикистону Қазоқистон мулоқотҳо бо намояндагоин ҷомиаи шаҳрвандӣ, донишҷӯён ва ширкатҳои фанновариро дар бар гирифта, мавзӯъи аслиаш ҷустуҷӯи роҳҳои ҳамкорӣ бо ҷомиаҳои мусалмонист.
XS
SM
MD
LG