Пайвандҳои дастрасӣ

Тамдиди эътибори нозирони байналмиллалӣ дар Гурҷистон


Имрӯз Иттиҳодияи Аврупо гуфт, эътибори нозирони оташбаси миёни Русияву Гурҷистон барои як соли дигар то соли 2011 тамдид шуд. Намояндагии нозирони Итиҳодияи Аврупо дар Гурҷистон дар эъломияе гуфтааст, Шӯрои вазирони Иттиҳодияи Аврупо 26-ӯми июл дар бораи тамдиди эътибори нозирон тасмим гирифт. Гурӯҳи нозирони Иттиҳодияи Аврупо бузургтарин гурӯҳи нозирони амниятӣ ба шумор меравад ва аз 225 нафар иборат аст. Онҳо баъд аз ҷанги соли 2008 дар имтидоди марзҳои миёни Гурҷистону Асетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон бар чигунагии вазъ назорат мекунанд. Аз тамдиди эътибори нозирони байналмиллалӣ мақомоти расмии Гурҷистон истиқбол карданд.
XS
SM
MD
LG