Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Душанбе-Ҳиротро мавриди баррасӣ қарор дода, мехоҳад вобастагии худ аз Ӯзбакистонро коҳиш диҳад.

Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, гуфт, барои таҳияи тарҳи иқтисодиву фаннии роҳи оҳани Панҷи Поён - марзи Қирғизистон Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ё ЭКО як миллион доллар тахсис додааст. Оқои Бобоев гуфт, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон сари сармоягузории тарҳ меандешад:

«Ду роҳи ба даст овардани маблағ баррасӣ мешавад. Аввалӣ, гирифтани қарзи имтиёзнок аз ҳукумати Чин. Дигарӣ, шартномаи бартерӣ бо ҷониби сармоягузор, яъне ширкат ангишти моро гирифта, бар ивазаш роҳи оҳанро бунёд мекунад»

Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон аз консорсиуми ду ширкат — яке малайзиягӣ ва дигаре чинӣ сӯҳбат кард, ки омодагии худро барои иҷрои ин тарҳ изҳор доштаанд. Вай гуфт, ин ширкати муштарак дар Эрон роҳи оҳан месозад ва таҷрибаи истеҳсоли канданиҳои муфидро низ дорад. Оқои Бобоев гуфт, ин ширкат ба ҷониби Тоҷикистон ваъдаи 2 миллиард доллар сармоя додааст, аммо бо супориши Кумитаи амнияти давлатии миллӣ ҳоло мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Роҳи оҳани таърихӣ

Роҳи оҳани қариб дуҳазоркилометрии Қошғар—Ҳирот як тарҳи бузурги минтақавист, ки тарҳи иқтисодиву фаннии қисмати чиниву қирғизӣ ҳудуди 500 километрро худи Чин аллакай анҷом анҷом дода, қисмати афғонистонии он 1 ҳазору 100 километрро Бонки осиёии рушд анҷом медиҳад.

Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балх, ки марказаш Мазори Шариф ахиран бори аввал дар таърих тариқи роҳи оҳан Афғонистонро бо олами хориҷ, дар ин маврид Ӯзбакистон пайваст, мегӯяд, ин роҳи оҳан агарчи барои Чин ва Эрон ҷиҳати ворид кардани амволи тиҷоратӣ ва захираҳои табииашон ба Осиёи Марказӣ ва то обҳои гарми Халиҷи Форс хеле муҳим аст, барои Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон на камтар аз ин фоида дорад:

«Як тарҳи беназире барои мову шумост, ки ҳам ба шарқу ҷануб тариқи роҳи оҳан васл мешавем, ҳам ба ғарбу шимол. Хеле муҳим аст. Хеле равнақ медиҳад. То ҳанӯз равобити тиҷоратӣ, додуситаде, ки дар ин паҳно аст, густарда нест. Мо мехоҳем, ки хеле густарда бошад».

Шонси раҳоӣ аз бунбаст

Ба қавли мақомот, роҳи оҳани Қошғар—Ҳирот бо ин масир маҳдуд намешавад. Он то ба Эрон идома меёбад ва ин қисматро аллакай Эрон шурӯъ кардааст.

Аммо ба қавли коршиносон, роҳи оҳани Қошғар—Ҳирот, агарчи тарҳи умумист ва танҳо бо назардошти манофеи Тоҷикистон нест, ягона имкони бурунрафт аз бунбасти нақлиётӣ ва коҳиши бастагии анъанавӣ аз Ӯзбакистону Русия аст.

Ба қавли коршиносон, роҳи оҳан яке аз фишангҳои аслии фишорҳои иқтисодӣ аст, ки ба Душанбе ворид мешавад. Таври маълум, Ӯзбакистон рӯйрост ду сол ба ин сӯ ба интиқоли молу амволи Тоҷикистон тариқи роҳи оҳани қаламраваш мушкил эҷод мекунад ва рӯйрост эълом дошт, ки маводи сохтмонӣ барои нерӯгоҳи Роғунро иҷоза намедиҳад.

Тибқи иттилои расмӣ, тайи шаш моҳи ахир танҳо корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон 10 миллион доллар зарар дидааст. Хисорот ба иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз расман эълон нашудааст ва фақат дар бораи миллионҳо доллар сӯҳбат мешавад.

Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, Тоҷикистон тайи як соли ахир хеле кӯшид, то мушкилоташ бо Ӯзбакистонро бо миёнҷигарии бархе кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳал кунад, аммо натавонист. Вай афзуд, аммо ширкат дар тарҳи роҳи оҳани Қошғар - Ҳирот ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки хатари монеасозии Русиву Ӯзбакистон барои пайдо кардани роҳи алтернативиро коҳад:

«Сохтани роҳи алтернативии оҳан баъд аз нерӯгоҳи Роғун дуввумин масъалаи муҳим барои давлати мо аст. Барои он 400 километр Тоҷикистон маблағ ҳам пайдо мекунад. Сармояи хориҷиро бояд ҷалб кард. Имрӯз як далели сарозер нашудани сармояи хориҷӣ ба иқтисоди мо ҳамин монеагузориҳои Ӯзбакистон дар роҳи оҳан аст».


Мухолифони тарҳ

Иддаи дигар аз коршиносон бар инанд, ки барои Тоҷикистон роҳи алтернативии оҳан кори содда нест, балки норизоиятиҳои сахтро дар миёни шарикони қаблиаш ба вуҷуд меорад.

Абдуғаффори Камол, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, тарҳи роҳи оҳани Қошғар—Ҳирот хориҷ шудан аз як фазои бузурги иқтисодӣ ба дигариаш аст:

«Мо вақте аз як ҳиттаи бузурги иқтисодии Ӯзбакистон—Қазоқистон—Русия берун меравем, мо як кишвари васлкунанда миёни Чину Покистону Эрону Халиҷи Форс мешавем, барои аввалин бор дар таърих ба чунин нақши бузург мепардозем, тамоми додугирифти мо бо ин кишварҳо мешавад, албатта, ба табъи Русияву Ӯзбакистон намефорад. Вале то кай Тоҷикистон дар фикри он бошад, ки онҳоро наранҷонад? Онҳо боз фишор меоранд, боз тариқи манъи вагонҳову дигар фишорҳо. Аммо мо бояд новобаста аз мушкилот ба пеш равем».

Бо он вуҷуд ки коршиносон мегӯянд, роҳи оҳан муҳимтарин василаи бурунрафт аз бунбасти нақлиётист, мақомоти Тоҷикистон дар самти эҷоди масирҳои заминӣ низ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа сари мизи музокирот менишинанд ва дар ин самт то ҷое мушкил осон шудааст.

Ахиран Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон ва Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон тайи як мулоқот сохтмони роҳи автомобилрави миёни ду кишвар аз тариқи долони Вахонро баррасӣ кардаанд.

Коршиносон мегӯянд, масири заминӣ тариқи Афғонистон бо Покистон натиҷаҳои худро додааст, шояд аз ҳамин хотир бошад, ки дар мулоқоти фавқуззикр додани замин барои Тоҷикистон дар бандари Гвадари Карочӣ ва дар Пешовар низ баррасӣ шудааст. Тоҷикистон мехоҳад дар ин манотиқ терминалҳои гумрукӣ ва амбори колоҳои худро бисозад, ки аз роҳҳои обӣ ва сипас тавассути қаламрави Покистону Афғонистон ба ҳудудҳои хеш орад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG