Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинежод кӯмак ба шӯришиёни афғонро рад кард


Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон дар як гуфтугӯ бо телевизиони Амрико иттиҳомотеро дар ин бора, ки ҳукумати вай аз шӯришиёни Толибон дар Афғонистон ҳимоят мекунад, рад кард. Вақте, ки хабарнигори телевизиони Си Би Эс шоми рӯзи душанбе аз вай пурсид, ки оё Теҳрон ба шӯришиёни афғон кӯмак мекунад, вай дар посух чунин гуфт: "Мо аз ҳеҷ гуруҳ ҳимоят намекунем". Вай дар идомаи суханонаш афзуд, афғонон бояд худашон кишварашонро идора кунанд. Вай ин суханонро дар ҳоле ба забон мовард, ки вебсайти WikiLeaks зимни ифшои маълумоти низомӣ дар бораи ҷанги Афғонистон гуфтааст, Эрон ба шӯришиёни афғон кӯмак кардааст. Маҳмуд Аҳмадинежод ҳамчунин гуфтааст, вай омода аст бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико музокира анҷом диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG