Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷанги танбатан, ки дар шаҳри Душанбе бо ширкати ҳудуди 200 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар баргузор шуд, ба анҷом расид.

Ба иттилоъи Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рақобатҳо байни ҷавонон Қобил Худойбердиев (45 кг), Миралӣ Собиров (50 кг), Убайд Баротов (55 кг) ва Ҳадятуллои Саъдулло (60 кг) ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Дар сабқати бузургсолон Мухтор Атахонов (55 кг), Айёмиддини Муҳаммадраҷаб (60 кг), Темур Давлатов 65 кг), Исроил Беков (70 кг), Абдулқодири Ёдгор (75 кг), Муҳаммад Сафаров (80 кг) ва Файзалӣ Туманов (85 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

XS
SM
MD
LG