Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости раҳоии блогнависи озарӣ аз зиндон рад шуд


Як додгоҳи Озарбойҷон дархости блогнависи озарбойҷониро барои раҳоии қабл аз вақт аз зиндон рад кардааст. Додгоҳи як ноҳияи шаҳри Боку мегӯяд, Андан Ҳоҷизода, ки моҳи ноябр як ҷо бо ҳамкори худ Эмин Миллӣ ба зиндон маҳкум шуда буданд, қабл аз поёни мӯҳлати зиндон раҳо нахоҳад шуд, зеро вай гуноҳи худро эътироф накардааст ва дар зиндон низ рафтори намунавӣ надоштааст. Исохон Ашӯров- вакили мудофеи вай баъд аз хатми ним соли мӯҳлати зиндон дархост карда буд, ки Ҳоҷизода аз зиндон раҳо шавад. Ҳоҷизода ба 2 соли зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG