Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Британия аз узвияти Туркия дар ИА ҳимоят мекунад


Девид Камерон-нахуствазири Британия боздиди худро аз Туркия идома медиҳад. Британия аз узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо сахт ҷонибдорӣ мекунад. Камерон имрӯз зимни суханони худ Британияро "ҳомии қавии Туркия барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо" арзёбӣ кард. Бо назардошти ин, нахуствазири Британия гуфт, Туркия барои ҳимояти Аврупо ҳамчун узви НАТО корҳои зиёде анҷом додааст ва дар Афғонистон низ дар паҳлӯи ҳампаймонҳои аврупоии худ қарор дорад. Дар поёни рӯз Камерон дар идомаи сафараш ба Ҳиндустон меравад.
XS
SM
MD
LG