Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон 1,2 миллиард доллар кӯмак дархост кард


Қирғизистон баъд аз муноқишаҳои қавмии моҳи гузашта дар ин кишвар барои бозсозӣ 1 миллиарду 200 миллион доллар кӯмак дархост кардааст. Қирғизистон имрӯз дар конфронси кишварҳои кӯмаккунанда дар Бишкек ин дархостро матраҳ кард. Дар даргириҳои миёни қирғизҳову узбакҳо дар моҳи гузашта дар ҷануби Қирғизистон дастикам 316 нафар кушта шудаанд. Нооромиҳои қавмӣ ба иқтисоди ин кишвари ақибмонда зарари ҷиддӣ расондааст.
XS
SM
MD
LG