Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози мусобиқаи шашкабозони ҷавони тоҷик


Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии шашкаи Тоҷикистон байни писарону духтарони синнашон аз 10 то 20-сола шурӯъ шуд.

Довари ин мусобиқа Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоту шашкаи шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа, ки дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳияи Фирдавсии пойтахти кишвар сурат гирифтааст, ҳудуди 60 нафар (34 писар ва 26 духтар) аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доранд. Мусобиқа мувофиқи синну соли ширкаткунандагон дар панҷ гурӯҳ доир шудааст».

Ба гуфтаи Саодат Одинаева қаҳрамонони нави шашкаи Тоҷикистон байни писарону духтарон рӯзи 30-юми июл муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG