Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади сарбози гумшудаи Амрико пайдо шудааст


Нируҳои НАТО мегӯянд, куштори яке аз ду сарбозе, ки дар Афғонистон ҳафтаи гузашта бедарак шуда буданд, таъйид ва ҷасади вай пайдо шудааст. Имрӯз Тодд Брисел-сухангӯи нируҳои НАТО гуфт, ҷустуҷӯи сарбози дигар идома дорад. Ин ду сарбози нируҳои дарёии Амрико 23-юми июл дар вилояти Лугари Афғонистон бедарак шуданд. Онҳо бо мошин вориди минтақаи зери контроли Толибон шуда буданд. Мақомоти НАТО наметавонанд бигӯянд, ки ин ду нафар дар минтақаи хатарзои зери контроли Толибон чӣ кор мекарданд. Толибон мегӯянд, ки сарбози дигарӣ дар асорати онҳо ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG