Пайвандҳои дастрасӣ

Олим Бобоев, вазири нақлиёту коммуникатсияи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 5 миллиону 924 ҳазору 461 муштарии телефонӣ мобилӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, шумораи истифодакунандагони интернет дар Тоҷикистон то аввали моҳи июли соли равон 821 ҳазорро ташкил додааст.

Ба гуфтаи оқои Бобоев аз ҳар 100 нафар сокини Тоҷикистон 58 нафари он истифодакунандаи телефони мобилӣ мебошад. Дар ҳоле, ки аз ҳар сад нафар танҳо 4 ё 5 нафар аз хадамоти телефони аналог ва ё қадимӣ ва хонагӣ истифода мекунад.

Бино ба маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон то 1 июли соли равон шумораи аҳолии Тоҷикистон 7 миллиону 562 ҳазорро ташкил медиҳад.



Андози роҳ ва роҳи пулакӣ


Олим Бобоев, вазири роҳ ва коммуникатсияи Тоҷикистон мегӯяд, солона аз ҳисоби молиёти воситаҳои нақлиётӣ дар кишвар бештар аз 200 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ мешавад. Аммо дар буҷаи давлат барои таъмири роҳҳо дар соли равон ҳамагӣ 36 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Ба гуфтаи вазири нақлиёт, шояд, боқимондаи ин малбағҳо барои сохтмони роҳҳо истифода шавад. Аммо ин дар ҳолест, ки сохтмони роҳҳо дар Тоҷикистон бар асоси лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз сӯи давлати Чин, Бунёди Қатар ва Бонки осиёии рушд амалӣ мешавад.

Аз Олим Бобоев пурсида шуд, ки ба унвони раиси Камисюни махсуси давлатӣ ба кадом далел, фаъолияти ширкати IRS-ро, ки ба ҷамъоварии маблағ дар ҷодаи Душанбе -Чаноқ машғул аст, қонунӣ хондед?

Вазири нақлиёт гуфт,"бар асоси мувофиқатномаи имзошуда миёни давлати Тоҷикистон ва ин ширкат".

Бо вуҷуди ин, вазир гуфт, ки ин ширкат бояд таруфаҳои худро бо Хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон мувофиқа кунад. Ин дар ҳолест, ки нархномаи роҳпулӣ то ба ҳол аз сӯи Хадамоти зидди инҳисорӣ мувофиқа ва тасдиқ нашудааст.

Вазири роҳ дар посух ба ин суол, ки нархномаро кӣ муайян кардааст, гуфт: «Нархномаҳоро давлат тайин кардааст ва ин дар қарордоди миёни давлат ва ин ширкта сабт шудааст».

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG