Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро занони тоҷик назар ба мардон умри дароз мебинанд?


Давомнокии умри занҳои тоҷик дар нисбат ба мардҳо 5 сол бештар шудааст. Ин нукта зимни як нишасти матбуотӣ дар Оҷонси омори назди президенти Тоҷикистон садо дод.

Кислитсина Елена, сардори раёсати омори демографии Оҷонси омории назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, таҳлилҳои ахир нишон дод, ки дар Тоҷикистон инсонҳо ба ҳисоби миёна 72 сол умр медидаанд, ки аз ин ҳисоб умри мардҳо 69 ва занҳо 74 солро ташкил медиҳад.

Хонум Елена мегӯяд, воқеан таҳиқоти онҳо гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳар сурат таи даҳ соли ахир занҳо умри бештар мебинанд.

«Давомнокии ниҳоии умри мардҳо тақрибан 5 сол аз умри занҳо поин аст. Лозим медонам, ки як далели дигарро қайд кунам, ки ҳатто дар ин 6 моҳи соли 2010 дар қиёс ба 6 моҳи соли 2009 низ умри мардҳо аз занҳо поинтар сабт шудааст. Инҳо далелҳое ҳастанд, ки мо сабт кардаем, аммо сабабшро бояд пизишкон муайян кунанд, ки чаро чунин аст. Тахминан, метавонам бигӯям, ки мардҳо дар зиндагӣ мушкилоти бештар доранд. Баъдан мардҳои зиёде ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ки ин ҳам зиндагии осон нест».

Поинравии умри мардҳо дар ҳоле ба миён омадааст, ки замони шӯравӣ ин тамоюл баръакс ё тақрибан давомнокии умри марду зан баробар будааст.

"Мардони баномус камтар умр мебинанд"

Асрор Юсупов, як пизишки тоҷик мегӯяд, ҳоли ҳозир дар беморхонаҳо 70 дар сади беморони фишори хун ва қалбро мардҳо ташкил медиҳанд. Аз нигоҳи ӯ, поинравии умри мардҳо дар қиболи занҳо ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ, ки аксаран мардҳо бар душ доранд, вобаста аст.

Ҷаноби Юсупов мегӯяд: «Дар ҳақиқат, агар ба беморхонаҳои дил назар кунем, мардҳо бештар бистарианд. Зеро душвории зиндагӣ бар души мардҳо бор аст. Имрӯз бемории дил дар ҷои аввал қарор дорад ва мувофиқи таҳлилҳо 70 дар сади гирифторони ин бемориро мардҳо ташкил медиҳад».

Ҷомеашиносон поин рафтани умри мард дар нисбат ба занро дар шароити кунунӣ як амри табиӣ медонанд.

Сиёвуш Ҳалимов, як ҷомеашинос бар ин назар аст, ки такягоҳи зан дар зиндагӣ ҳамеша мард аст ва зан барои ҳаллли мушкили хеш дар зиндагӣ ба мард умед мебандад. Аммо ба қавли ӯ, дар ҷомеаи кунунии мо мард наметавонад, дар ҳолати мушкил ба зан такя кунад, зеро аксаран аз дасти занҳо барои ҳалли мушкили оилавӣ чизе намеояд.

Ӯ мегӯяд: «Зани тоҷик ҳамеша эҳсос мекунад, ки бар худ як саробон дорад ва саробони ӯ ҳамеша мард аст, хоҳ шавҳараш бошад, хоҳ падару бародару дигар наздикон. Дар мард бошад, аксаран саробон нест ва тамоми мушкилотро бояд худ ҳал кунад ва ба касе умед набандад. Ин омилест, ки марди ба ору ба номусро зуд пир мекунад».

Гулчеҳра, як зан бар ин иқрор аст, ки тамоми мушкилоти зиндагӣ бар дӯши шавҳараш бор аст ва ӯ инро кори маъмулии мардҳои тоҷик медонад.

Муҳоҷират - мушкили дигари мардон

Ӯ мегӯяд, ҳарчанд бо шавҳараш ҳамсол бошад ҳам, аммо аллакай баръакси вай дар чеҳари шавҳараш пажмурдагиву сарсафедӣ мушоҳида мешавад.

«Шукри Худо, ки чунин шавҳар дорам. Дар ҳеҷ ҷо кор намекунам ва шавҳарам аст, ки моро мехӯронаду мепӯшонад. Бечораро падараш мурд, ва дигар мушиклиҳо шуд, ҳоло ҷавон ҳам бошад, лекин мӯи сараш сафед шудааст ва дар рӯяш ожангҳои зиёде намудор аст».

Поин рафтани умри мардон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи ҳисоби расмии Оҷонси омор аз 600 ҳазор нафар муҳоҷири кории тоҷик дар Русия 95 дар садашро мардҳо ташкил медиҳанд, ки бо ранҷу заҳмати зиёд беш аз 15 сол боз барои хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон паи дарёфти рӯзӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG