Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшогариро Кобул истиқбол, Исломобод маҳкум кард


Гузоришҳои махфии нашршудаи нерӯҳои Амрико ва НАТО гумонҳо дар бораи ҳамкории ниҳодҳои Покистон бо Толибон, иддаои деринаи Кобулро тақвият бахшид. Ин санадҳо дар сомонаи "WikiLeaks" ба нашр расидааст. Кобул воқеъияти ифшошударо тасдиқ, аммо Исломобод онро инкор мекунад.

Зимни суханрониаш дар назди хабарнигорон Ваҳид Умар, сухангӯи президентИ Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, ки мизони ифшои иттилоъ такондиҳанда буд, аммо мӯҳтавои он на.

Ӯ гуфт: “То он андозае, мо хабар дорем, дар аксарияти ҳуҷҷатҳое, ки мо мутолеъа кардем, ду чиз ҳувайдост, онҳо дар бораи талафот миёни аҳолии мулкӣ ва он нақше, ки Ай Эс Ай (хадамоти истихборотии Покистон) дар бесуботкардани вазъи Афғонистон дар дохили кишвар бозидааст, мебошад”.

Ҳуҷҷатҳои махфии ифшошудаи низомиён марҳилаеро аз январи соли 2004 то декабри соли 2009 -ро дар бар мегирад.

Дар гузоришҳо иддао мешавад, ки болоравии мизони талафот миёни аҳолии ғайринизомии Афғонистон ва афзоиши шумораи ҳамлаҳои Толибон дар натиҷаи кӯмаки мақомдорони истихбороти Покистон ба амал омадааст.

Гуфта шудааст, ки гӯё ошӯбгарони Афғонистон дар кишвари ҳамсоя бо паноҳгоҳҳо таъмин мешуданд.

Покистон паноҳгоҳи ошӯбгарон?

Аҳмад Сайидӣ таҳлилгари афғон ба радиёи Озодӣ гуфт, ки иттилои ифшошуда бозии дугонаи Исломободро дар Афғонистон фош мекунад. Ин иттило нишон дод, ки Покистон сармояи Амрикоро, ки барои мубориза бо террористон равона шуда буд, барои барангехтани ошӯбҳо дар Афғонистон марвиди истифода қарор додааст.

Сайидӣ изҳори умедворӣ намуд, ки дар натиҷаи ин ҷанҷол Вашингтон бархурдашро бо Покистон сахтар мекунад: “Ман бовар дорам, ки агар Амрико дар нисбати Покистон ҷиддитар нагардад, он кишвар ба тахриби бештари Афғонистон идома медиҳад ва Амрико дар ин мурдоб амиқтар дар мемонад”.

Иттилои ифшошуда, нақши эҳтимолии ҷосусони Покистониро дар ташкили ҳамлаҳо алайҳи артиши кишварҳои Ғарб, дипломатҳои Ҳиндустон, кормандони ниҳодҳои имдодӣ ва мақомдорони Афғонистонро тақвият мебахшад. Бино бар ин ҳуҷҷатҳо Ҳомид Гул, собиқ мудири Ай Эс Ай ин ҳамлаҳоро ташкил кардааст.

Ҳамид Гул иттиҳомотро рад мекунад

Исломобод ин иддаҳоро рад мекунад. Генерал Талат Масъуд, собиқ фармондеҳи артиш ва ҳоло таҳлилгари соҳаи амният ба родиёи Озодӣ гуфт, ки ифшои ҳуҷҷатҳо кӯшиши бадном кардани Покситон мебошад.

Ӯ гуфт: “Аксаррияти ин иттиҳомот асос надорад. Дар воқеъ мақомдорони хеле баландрутбаи онҳо дар Шӯрои амнияти миллӣ ва дигар ҷойҳо гуфтаанд, ки ифшои мавод ба вуҷуд омадааст, аммо он аҳамият надорад. Онҳо инчунин гуфтаанд, ки ҳамкориҳои Покистону Амрико беҳбуд ёфтааст”.

Ҳомид Гул собиқ, мудири хадамоти истихборотии Покистон Ай Эс Ай иттиҳомотро маҳкум намуда, доштани робитаҳо бо Ал- Қоида ва Толибонро рад кард.

Ин дар ҳолест, ки Роберт Гибс сухангӯи Кохи сафед гуфт, ки ифшои мавод аз ҷониби сомонаи "WikiLeaks", бо сабаби фош кардани номҳо, амалиёт, манобеъи таъмини нерӯҳо дар Афғонистон метавонад осебпазир шавад ва барои ҳамин ҳам ҳушдордиҳанда аст. Аммо ӯ афзуд, ки ағлаби ин иттило нав намебошад.
XS
SM
MD
LG