Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи алайҳи вазири иттилооти Хайбар-Пахтунхва


Мақомоти Покистон мегӯянд, як бомбгузори маргталаб худро дар наздикии манзили вазири иттилооти устони Хайбар-Пахтунхва мунфаҷир кардааст, ки дар натиҷа 7 нафар кушта ва 25 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳадафи ҳамла зоҳиран вазири иттилооти устон ва мунтақиди ошкори Толибон Миён Ифтихор Ҳусайн буд. Вале ӯ дар соати ҳамла дар макони дигаре қарор дошта, осеб надидааст.
Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш гирифт. Рӯзи шанбе Рашид Ҳусайн, писари Миён Ифтихор Ҳусайн, дар натиҷаи як сӯъиқасд кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG