Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Исроил ба Лубнон роҷеъ ба Ҳизбуллоҳ


Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак ҳушдор дод, ки агар гурӯҳи ҷангии Ҳизбуллоҳ болои шаҳрҳои Исроил мушак андозад, кишвараш мустақиман ниҳодҳои Лубнонро мавриди ҳамла қарор хоҳад дод. Барак, ки дар Вошингтон бо вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон мулоқот дошт, дар мусоҳибааш сароҳатан изҳор дошт, ки давлати ӯ дигар ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳро таҳаммул нахоҳад кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, Исроил ҳаққ дорад аз худ дифоъ кунад, вале “мо бештар хостори дидани оғози музокиротем, то шурӯъи партоби мушакҳо.”
Таниши байни Исроилу Лубнон дар пасманзари гузоришҳое шиддат гирифт, ки мегӯянд, бо вуҷуди муҳосираи Исроил, фаъолони лубнонӣ тасмим гирифтаанд, барои сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза, ки таҳти назорати Ҳамос қарор дорад, киштиҳои ҳомили кӯмак таҳия кунанд.
XS
SM
MD
LG