Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 52 афғон аз ҳамлаи мушакии нирӯҳои НАТО


Кобул мегӯяд, ҳамлаи мушакии нирӯҳои хориҷии таҳти фармони НАТО дар вилояти ҷанубии Ҳилманд дар ҳафтаи гузашта мунҷар ба ҳалокати 52 ғайринизомӣ, аксаран занону кӯдакон, шудааст. Сухангӯи давлати Афғонистон Сиёмак Ҳиравӣ гуфт, ин ҳамла рӯзи ҷумъа дар улусволии Сангини вилояти Ҳилманд замоне рух дода, ки як гурӯҳи мардуми ғайринизомӣ ба хотири наҷот аз задухӯрди байни нирӯҳои НАТО ва чирикиҳои толиб дар як манзил паноҳ оварда буданд. Мушаки нирӯҳои ISAF ба ҳамин манзил асобат кардааст. Дафтари раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз нирӯҳои НАТО даъват кард, “дар ҷараёни амалиётҳои низомӣ тамоми кори мумкинро анҷом диҳанд, то ба мардуми ғайринизомӣ осеб нарасад.”

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG