Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳамлаи хунини интиҳорӣ дар Карбалои Ироқ


Инфиҷори ду мошини бомбгузоришуда дар шаҳри барои шиъаҳо муқаддаси Карбало, дар ҷануби Ироқ 21 нафарро кушта ба ҷо гузошт. Ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Карбало ҳамагӣ 2 рӯз қабл аз мавлуди Маҳдӣ сурат гирифт, ки ба бовари аҳли ташайюъ, имоми 12-ум ва охирин ӯст. Шиъаҳо, ки аксари ҷамъияти Ироқро ташкил медиҳанд, мӯътақиданд, ки Имом Маҳдӣ дар Рӯзи Қиёмат ба Замин бар хоҳад гашт.
Ҳамасола дар мавлуди Имом Маҳдӣ садҳо ҳазор зоири шиъа ба Карбало ва шаҳри ҳамҷавори Наҷаф мерезанд.
Бино ба хабари дигар, як маргталабе, ки бовар меравад, марбут ба Ал-Қоида бошад, худро дар рӯбарӯи қароргоҳи телевиӯиони Ал-Арабия дар Бағдод таркондааст. Бар асари ин ҳамла 4 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG