Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳвили пули муҳоҷирон 25 фоиз афзудааст


Таҳвили пули муҳоҷирони тоҷик имсол 24,7 дарсад афзуда, алакай ба 870 миллион доллар наздик шудааст, ки 39 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дирӯз ҳамчунин гуфт, ки бино бар пешбинии онҳо, ҳаҷми таҳвили пули муҳоҷирон то поёни сол назар ба соли гузаштаи бӯҳронӣ дастикам 30 дарсад хоҳад афзуд. Соли гузашта ҳаҷми таҳвили пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон 31,3 дарсад коҳиш ёфта, тақрибан 1 миллиарду 834 миллион долларро ташкил дод, ки муодили қариб 39 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилист.
XS
SM
MD
LG