Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо ба бозсохти шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода


Низом Ҳакимов, раҳбари Маркази иҷрои барномаҳои марбут ба бозсохти роҳҳои Тоҷикистон гуфтааст, асноди фанниву иқтисодии тарҳи бозсохти шоҳроҳи Душанбе –Турсунзода- марзи Узбакистон то моҳи ноябр таҳия хоҳад шуд.
Барои анҷоми арзёбиву фаннии ин тарҳ Бонки осиёии рушд 550 000 ва ҳукумати Тоҷикистон 250 000 доллар ҷудо кардаанд.
Ҳазинаи бозсохти ин шоҳроҳ 151 миллион доллар баровард шуда, эҳтимолан 57 миллионашро низ Бонки осиёӣ хоҳад дод. Душанбе феълан дар ҷустуҷӯи маблағи боқӣ будааст. Вале Низом Ҳакимов изҳори итминон кард, ки иҷрои барнома аз баҳори соли оянда оғоз хоҳад ёфт.
Тӯли ин шоҳроҳ 61,5 километр буда, қарор аст, ки бари он то шаҳри Турсунзода ба ҳадди 25 метр ва аз Турсунзода то марзи Узбакистон то 15 метр васеъ карда шавад.
XS
SM
MD
LG