Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозҳо дар Ӯшу Бишкек алайҳи эъзоми пулиси САҲА


Дирӯз беш аз 2 000 нафар дар Ӯшу Бишкек, бузургтарин шаҳрҳои Қирғизистон, алайҳи эъзоми нирӯҳои пулиси байналмилалӣ ба ин кишвар эътироз карданд. Дар Ӯш аз ҷумла ҳудуди 1500 нафар алайҳи ризоияти раисиҷумҳур Роза Отунбоева ҷиҳати истиқрори 52 мушовири пулиси САҲА дар ҷануби Қирғизистон ташкили тазоҳурот ва ба самти дафтари ин созмон раҳпаймоӣ карданд. Ҳадаф аз истиқрори пулиси ғайримусаллаҳи байналмилалӣ дар манотиқи ошӯбзадаи ҷануби Қирғизистон мусоидат ба оддӣ сохтани вазъ дар ин минтақа дар пайи даргириҳои хунини қавмии моҳи июн байни қирғизҳову узбакҳост, ки бино ба ҳисобҳо, дастикам 316 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG