Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри санадҳои махфии ҷанги Афғонистон


Бунёдгузори торнамои ифшогари "WikiLeaks", ки зиёда аз 90 000 санади махфии марбут ба ҷанги Афғонистонро нашр кардааст, мегӯяд, зоҳиран ин мавод исботи ҷиноятҳои ҳарбии зидди мардуми Афғонистон аст.

Ҷулиан Ассанйе баъд аз интишори ин мавод дар нашрияҳои амрикоии "The New York Times," бритониёии "The Guardian" ва олмонии "Der Spiegel" дар нишасти хабарӣ дар Лондон гуфт:

"Дар ниҳояти амр ин кори додгоҳ аст, рӯшан кунад, ки инҳо ҷиноятанд ё не. Дар нигоҳи аввал, дида мешавад, ки ин мавод асноди ҷиноятҳои ҳарбӣ мавҷуд аст."

Паймони Атлантики Шимолӣ, Вошингтон, Бритониё ва Покистон ҳамагӣ нашри ин аснодро маҳкум карданд. Мушовири амнияти миллии Амрико гуфт, нашри ин маълумот метавонад ҳаёти афродро зери хатар гузошта, ба амнияти миллӣ таҳдид кунад.

Гуфта мешавад, ин аснод аз қатли гузоришнашудаи аҳолии осоишта дар Афғонистон ва амалиётҳои махфии нирӯҳои вижаи Амрико алайҳи раҳбарони Толибон ҳикоят мекунанд. Дар яке аз онҳо сухан аз ширкати собиқ афсари аршади хадамоти ҷосусии Покистон дар ҷаласаи ошӯбгарон меравад.

Санадҳои ифшошуда - воқеъияти ҷанги Афғонистон?

Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс”, яке аз се нашрияест, ки санадҳои махфиро арзёбӣ ва гузориш кардааст. Ин рӯзнома менависад, санадҳо нишон медиҳад, ки “Покистон як ҳампаймони намоёни Амрико ба намояндагони хадамоти ҷосусии худ иҷоза медиҳад, бо Толибон мустақиман музокира кунанд.”

Рӯзномаи “Гордиан”-и чопи Бритониё, менависад, санадҳои махфӣ, ки аз афзоиши ҳалокати ғайринизомиён аз дасти ҳам нерӯҳои байналмилалӣ ва ҳам Толибонд, сухан мегӯянд, “тасвири харобиовари ҷанги ноком дар Афғонистонро” нишон медиҳанд. Ҷулиан Ассен муассиси Вики Ликс ба рӯзномаи Гордиан гуфт, асноди ифшошуда, “табиати воқеъии ин ҷангро нишон медиҳад”,

Ҷомеаи Афғонистон ва дигар кишвар метавонанд бубинанд, ки дар воқеъ чӣ иттифоқ меафтад ва ба ин мушкилот расидагӣ кунанд. Аҳамияти ин мавод дар он аст, ки аз тамоми ҷанг аз соли 2004, ҳодисаҳои алоҳида ва хатари ҳодисаҳоро фаро мегирад, ки ин ҳодисаҳо низ бисёр муҳиманд. Аз ҷумла, гурӯҳи махсуси 373-ро дар Амрико қароргоҳ дорад, ки аъзояш дар Афғонистон мегарданд ва афродеро мекушад, ки бояд кушта ва ё дастгир шаванд.

Нашри ин санадҳо ҷони амрикоиҳоро дар хатар мегузорад

Ҳукумати Амрико, ки пеш аз нашри ин санадҳои махфӣ дар вебсайти Вики Ликс аз ин кор интиқод кард, гуфт ошкор шудани ин иттилоот ҷони амрикоиҳоро дар хатар мегузорад. Ҷеймс Ҷонс, мушовири амниятии ҳукумати Амрико гуфт, “Иёлоти Муттаҳида, ишфои санадҳои махфӣ аз тарафи афроди алоҳида ва созмонҳоро, ки ҷони амрикоиҳо ва ҳампаймонҳои онҳоро зери хатар мегузорад, башиддат маҳкум мекунад.

Кохи Сафед ҳамчунин баёнияҳои гузаштаи теъдоде аз мақомоти баландпояро нашр кард, ки доир ба нигарониҳояшон аз иртиботи хадамоти ҷосусии Покистон бо гурӯҳҳои ифротгарои Толибон сӯҳбат кардаанд.

Аз ҷумла баёнияи Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико дар рӯзи 31 марти соли 2009-ро, ки гуфтааст, “Тамосҳои Ай Си Ай, Хадамоти иттилоъоти Покистон бо гурӯҳҳои ифротгаро, барои мо воқеан нигаронкунада аст ва мо инро ба покистониҳо мустақиман гуфтаем.”

Рӯзномаи Ню Йорк Таймс, мегӯяд, иттилооти махфиро ҳамроҳ бо рӯзномаҳои “Гордиан” ва маҷаллаи “Шпигел”-и Олмон чанд ҳафта пеш аз вебсайти Викиликс, як созмони махфии интернетӣ дарёфт кардааст, ки ин торнамо аксар вақт иттилооти махфиро нашр мекунад.

Маълум нест, иттилооти мазкур аз кадом сарчашма ба дасти Викиликс афтодааст. Бар асоси ин санадҳо, хадамоти ҷосусии Покистон “дар ҷаласоти махфии стротежӣ” шабакаҳои гурӯҳҳои ифротгароеро танзим мекунанд, ки алайҳи сарбозони амрикоӣ дар Покистон меҷанганд ва ҳатто алайҳи раҳбарони Афғонистон сӯиқасд ташкил мекунанд”.

Дар як санади махфие ҳатто мулоқоти Ҳамид Гул, мудири собиқи Хадамоти ҷосусии Покистон бо гурӯҳи ифротгароён тасвир кардааст, ки аз марги як раҳбарашон дар ҳамлаи ҳавопаймои амрикоӣ маъюс шуда ва қавл додаанд, ки ҳамлаҳо дар Афғонистонро бештар мекунанд.

Сафири Покистон нашри санадҳоро маҳкум кард

Ҳусайни Ҳаққонӣ, сафири Покистон дар Амрико, нашри санадҳои махфиро маҳкум карда ва гуфтааст, ки онҳо “аз гузоришҳои таҳлилношудаи аз маҳалҳо“ таркиб ёфта ва “воқеъиятҳои ҷориро инъикос намекунанд.”

Аммо Ҷон Керрӣ, сенатори бонуфузи демократ аз Кумитаи умури равобитим хориҷии сенати Амрико гуфтааст, “санадҳои махфӣ суолҳои ҷиддиеро дар бораи воқеъияти сиёсати Амрико дар баробари Покистону Афғонистон ба вуҷуд меорад”.

Айни замон дар Афғонистон 150 ҳазор сарбози Амрико ва НАТО мустақар шудаанд ва Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида моҳи январи соли 2011-ро замони оғози ихроҷи тадриҷии сарбозони кишвараш таъйин кардааст, ки аз соли 2001 то кунун дар Афғонистон ба зидди Толибону дигар гурӯҳҳои ифротгаро ва терористӣ меҷанганд.

Ҷеймс Ҷонс мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Амрико доир ба ростии иттилоъоти санадҳои ифшошуда чизе нагуфт, аммо афзуд, ки он санадҳо иттилоъоти солҳои 2004 то соли 2009-ро дар бар мегирад, ки аҳди раёсати Ҷорҷ Буш буд.
XS
SM
MD
LG