Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон аз сомониҳои қалбакӣ


Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода, мегӯяд, як маркази чопи пулҳои тақаллубии сомонӣ дар Афғонистон ошкор шудааст. Аммо маълумоти мушаххасе роҷеъ ба миқдори ин пулҳои тақаллубии нашршуда вуҷуд надорад. Раҳимзода афзуд, муассиртарин роҳи ҷилавгирӣ аз вориди муомила шудани пулҳои қалбакӣ, коҳиш додани муомилоти нақдӣ, ё истифода аз пули нақд мебошад. Истифода аз кортҳои пластикии бонкӣ як роҳи аслии муқобила ба ворид шудани пулҳои қалбакӣ ба муомилот дониста мешавад. Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, дар соли равон шумори истифодакунандагони кортҳои пастикӣ 25 дарсад афзудааст. Аммо гуфта мешавад, беш аз 90 дарсади муомилот ва тиҷорат дар Тоҷикистон ҳамчунон бо истифода аз пули нақд сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG