Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як бонки Тоҷикистон варшикаста эълон хоҳад шуд


Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода, мегӯяд, “Соҳибкорбонк” дар моҳи август расман муфлис эълон хоҳад шуд. Вай афзуд, талошҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳифзи ин бонк ва наҷоти он аз варшикастагӣ натиҷа надоданд. Раҳимзода гуфт, шикасти “Соҳибкорбонк” бештар ба саҳмиядорон ва соҳибони бонк зарба хоҳад зад. Ибтидои моҳи феврал Бонки миллӣ “Соҳибкорбонк”-ро шаш моҳ зери назорати худ гирифт, то аз варшикастагӣ раҳо кунад. Вобастагии хориҷии “Соҳибкорбонк”, ки 75 дарсади саҳмияҳои он дар дасти “АТFБонк”-и Қазоқистон буд, онро ҳадафи бӯҳрони молӣ қарор дод.
XS
SM
MD
LG