Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Дасти мадад»: Тарғиби масеҳият ё мадад ба кӯдакони хиёбонӣ?


Фаъолияти созмони «Дасти мадад» бо қарори додгоҳи Хуҷанд қатъ шудааст. Мақомоти адлия ба додгоҳ гуфтаанд, ки созмони мазкур дини насрониро таблиғ мекард.

Аммо масъулони ин созмони ҷамъиятӣ мегӯянд, ин иддао поя надорад ва ғайридодилона аст ва сабаби бастани созмони онҳо дигар буд.

Созмони ҷамъиятии мазкур тӯли 11 соли фаъолият дар вилояти Суғд, ба гуфтаи масъулонаш, ба расонидани мадад ба бачаҳои бехонумон ва хиёбонӣ, фароҳам кардани сарпаноҳ, таълим ва ба сурати умум дифоъ аз ҳуқуқи бачаҳо машғул буд.

Мақомоти адлия сабаби бастани ин созмонро машғул будан ба тарғибу ташвиқи дини насронӣ миёни аҳолӣ унвон мекунанд, аммо масъулони созмони «Дасти мадад» ин даъвиро беасос меҳисобанд.

«Сабабҳо дигар буд»

Александра Колесникова, ҳуқуқшиноси созмони мазкур дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ назари масъулони ин созмонро дар бораи қатъи фаъолияташ бо қарори додгоҳ чунин бозгӯ кард: «Дар ҳақиқати ҳол, сабабҳо дигар буданд . Додгоҳ сабабҳои ба забони ғайридавлатӣ (русӣ) будани коргузорӣ, хилофи қонунгузории Тоҷикистон будани боз кардани сарпаноҳ ва ҷорӣ кардани барномаи мактабии таълму тарбия барои бачаҳои бехонумони хиёбонӣ, ки аз дарсхонӣ канор монда буданд, фаъолияти созмони моро боздошт. Мо ба адои корҳое машғул будем, ки масъулияти иҷрои онро давлат бар ӯҳда дорад, аммо ба дараҷаи зарурӣ анҷом намедиҳад, мо ин корҳоро иҷро мекардем, вале фаъолияти моро боздоштанд».

Хонум Колесникова афзуд, созмони «Дасти мадад» дар давоми 11 соли фаъолият беш аз 500 кӯдаки бехонумон ва хиёбониро сарпаноҳ дода, ёриҳои моддӣ ва маънавию равонӣ расонидааст, дар канори ин ба барномаҳои ҳимоят аз ҳуқуқ, аксияву намоишҳо 4 ҳазори дигарро ҷалб кардаанд.

Дар Тоҷикистон шумораи ангуштшумори созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин самт фаъолият мебаранд, дар вилояти Суғд – «Дасти мадад» ва «Чашмаи ҳаёт», дар Душанбе – як созмони дигар.

Иттиҳоми тарғиби дини насронӣ аз куҷост?

Дар посух ба ин саволи Озодӣ хонум Колесникова – ҳуқуқшиноси созмони «Дасти мадад» гуфт, дар соли 2005 бахши ҷавонони ин созмон аз онҳо канор рафт ва ташкилоти наве бо номи «Ҳаёти ҷавонон» таъсис дод.

Барномаҳои ин созмон тақсими тӯҳфа барои бачаҳои тоҷик аз созмонҳои насронии хориҷӣ ва тақсими онҳо бо баргузории маҳфилҳоро дарбар мегирифт ва мақомоти адлия ин амали онҳоро ғайриқонунӣ ва ноҷоиз ҳисобид ва роҳандозиии ин амалро нодуруст ба «Дасти мадад» низ рабт дода, бо сабабҳое фаъолияти онро низ қатъ гардонидааст.

Дар Суғд 6 созмон барои тарғиби масеҳият баста шуд

Мақомоти адлияи Тоҷикистон мегӯянд, 6 созмони ҷамъиятиро ба далели тарғибу ташвиқи дини масеҳӣ дар вилояти Суғд аз фаъолият боздоштаанд. Дилафрӯз Тоҷибоева – масъули масоили созмонҳои ғайридавлатӣ дар идораи адлияи Суғд гуфт, инҳо созмонҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд, ки сабти номашон аз ҷониби вазорати адлия сурат гирифта, фаъолияти онҳо низ аз ҷониюби комиссияҳои Душанбе назорат мешавад.

Ба гуфтаи хонум, Тоҷибоева, мақомоти адлия аз сабти номи созмонҳои динӣ ва ё созмонҳое, ки барномаҳои динӣ доранд, худдорӣ меварзад ва дар сурати роҳандозии тарғибу ташвиқи барномаҳои динӣ аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ бозбинии фаъолияти онҳоро аз додгоҳҳои тақозо мекунад.

Вазорати адлия «Дасти мадад»-ро яке аз чунин созмонҳо меномад, ки ҷиҳати ба тарғиби масеҳият пардохтан додгоҳи Хуҷанд ба фаъолияти он нуқтаи хотима гузошт.

Аммо ба гуфтаи масъулони ин созмон, бо чунин далел фаъолияти созмони ҷамъиятии «Ҳаёти ҷавонон» низ қатъ карда шудааст, ки қаблан як бахши онҳо ҳисоб меёфт.

Тақдири «Дасти мадад» ва ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакони бехонумон

Аммо созмони ҷамъиятии «Дасти мадад» бенишон аз байн нарафтааст ва масъулонаш дар заминаи он созмони дигаре бо номи «Сарчашма» таъсис доданд ва аз ҷониби идораи адлия сабти ном шудааст. Ин созмони нав бо маркази давлатии навтаъсиси солимгардонӣ ва ҳифзи кӯдакони Суғд барномаҳое дар самти ҳимоят аз ҳифз ва таъмини ҳуқуқи бачаҳоро тарҳрезӣ кардааст.ғ

Ин навбат «Сарчашма» расонидани ёриву дастгирӣ ва барномаҳои ҳуқуқиро самти аслии худ қарор додааст.

«Кӯдакон наметавонанд аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунанд, онҳо ҳамеша ниёз доранд калонсолон ҳуқуқи онҳоро таъмин кунанд . Дар ҷомеаи Тоҷикистон ин ниёз бештар ба чашм мерасад. Барои мисол, шумо як ба бозори Панҷшанбе равед, мебинем, ки даҳҳо бачаҳо чӣ тавр корҳои вазнинро иҷро мекунанд ... », мегӯяд Александра Колесникова, ҳуқуқшиноси созмони «Дасти мадад», ё феълан «Сарчашма».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG