Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зидди полиси байнулмилал дар Уш


Наздик ба 1 500 нафар имрӯз дар шаҳри Уш, ҷануби Қирғизистон, бар зидди нақшаи вуруди полиси байнулмилал ба ин минтақа тазоҳурот карданд. Ин гирдиҳамоӣ дар баробари бинои намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷараён гирифт. Ин созмон ба ирсоли 52 корманди бесилоҳи полис аз кишварҳои узв ба ҷануби Қирғизистон ризоият додааст. Бино бар хабарҳо тазоҳурот осоишта буд ва намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо ширкаткунандагони он мулоқот карданд. Бо вуҷуди шиканандагии авзоъ дар ҷануби Қирғизистон пас аз хушунатҳои байниқавмии моҳи гузашта, ки зиёда аз 300 кушта ба ҷой гузошт, мухолифони ирсоли полиси байнулмилал мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ худ қодир ба ҳифзи эътидол дар минтақаанд.
XS
SM
MD
LG