Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз вориди муомила шудани сомониҳои тақаллубӣ дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳад. Ӯ мегӯяд, ба сурати озмоишӣ дар як фурӯшгоҳи бузург ё суперморкети Душанбе аз пули қалбакӣ «истифода» кардааст, вале фурӯшандаҳо натавонистаанд, онро ташхис диҳанд ва ошкор намоянд.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, як маркази чопи пулҳои тақаллубии сомонӣ дар Афғонистон ошкор шудааст. Аммо маълумоти мушаххасе роҷеъ ба миқдори ин пулҳои тақаллубии нашршуда вуҷуд надорад.

Оқои Раҳимзода мегӯяд, муассиртарин роҳи ҷилавгирӣ аз вориди муомила шудани пулҳои қалбакӣ, коҳиш додани муомилоти нақдӣ, ё истифода аз пули нақд мебошад.

Истифода аз кортҳои пластикии бонкӣ як роҳи аслии муқобила ба ворид шудани пулҳои қалбакӣ ба муомилот дониста мешавад. Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, дар соли равон шумори истифодакунандагони кортҳои пастикӣ 25 дарсад афзудааст.

Аммо гуфта мешавад, беш аз 90 дарсади муомилот ва тиҷорат дар Тоҷикистон ҳамчунон бо истифода аз пули нақд сурат мегирад.

Ба гуфтаи мақомоти Бонки милии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 2,9 милиард сомонӣ ва ҳудуди 400 миллион доллари нақд дар дасти мардум дар гардиш аст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон як далели коҳиши оидот ба буҷаро кам шудани воридот ба далели баста будани роҳи оҳан ва худдории тоҷирон аз воридот унвон кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG