Пайвандҳои дастрасӣ

70 миллион доллар ёрии ЕврАзЭС ба Тоҷикистон


Бунёди зиддибӯҳронии Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё изҳори омодагӣ кард, ки ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 70 миллион доллар кӯмак хоҳад расонд. Қарор аст, ин сармоя барои ҳимоят аз буҷаи давлатии Тоҷикистон, таъмини маблағҳои марбут ба маориф, беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ харҷ гардад. Тоҷикистон нахустин кишварест, ки аз Бунёди зиддибӯҳронии Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё кӯмак дарёфт мекунад. Бунёди мазкур соле пеш бо сармояи 10 миллиард доллар аз тарафи кишварҳои узв таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG