Пайвандҳои дастрасӣ

Бахше аз сармояҳои мардумии Роғун ба гардиш омад


Бахше аз сармояҳои мардумии бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар суратҳисобҳои пасандозии бархе аз бонкҳои Тоҷикистон гузошта шуданд. Раиси Бони миллии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода хабар дод, ки Вазорати молия пешниҳоди бонкҳоро ба истифодаи ин сармоя бо баҳраи аз 9 то 12 дарсад пазируфт. Ба гуфтаи вай, "Амонатбонк", "Агроинвестбонк", "Тоҷикпромбонк" ва ғайра розӣ шуданд, зиёда аз 52 миллион доллареро, ки аз фурӯши саҳмияҳои Роғун ба даст омадааст, бипазиранд. Ба ғайр аз ин боз 20 миллион доллари Роғун талабношуда боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG