Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори маҳбаси кхмерҳои сурх ба 35 соли ҳабс маҳкум шуд


Сардори маҳбас ва шиканҷагоҳи Камбодия дар замони ҳокимияти кхмерҳои сурх, "рафиқ Дойк" имрӯз дар Додгоҳи ҷиноятҳои ҳарбии Созмони Милал ба 35 соли зиндон маҳкум шуд. Кайнг Гуек Ев, ки бо номи "рафиқ Дойк" шӯҳрат дорад, солҳо сардори маҳбаси махфии "душманони халқ" буд ва 16 000 нафар пеш аз марг аз дарвозаҳои ин зиндон гузаштаанд. Додситон Чӣ Линг дар нишасти хабарӣ дар Пномпен гуфт:

"Ин ҳукм як паёми рӯшан ба ҷинояткорон аст. Касе ки ҷони ҳазорон нафарро мегирад, аз ҷазо эмин нахоҳад монд."

Аммо бозмондагони бархе аз мақтулон гуфтаанд, ин ҳукм одилона ва ҳамсанги ҷиноятҳои Дойк нест.
XS
SM
MD
LG