Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон


Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 1 миллиарду 772,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бар асоси маълумоте, ки вазорати молияи Тоҷикистон ироа кардааст, аз ҳаҷми умумии қарзи мазкур 831,7 миллион доллари он бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ, аз ҷумла, 373,5 доллар ба Бонки Ҷаҳонӣ ва 315,5 миллион ба Бонки Осиёии
Рушд тааллуқ дорад. Қарзҳои ин ниҳодҳо бо пардохти фоидаи ду дарсадӣ барои 40 сол дар ихтиёри Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Аммо бештарин қарзро Тоҷикистон аз Чин дар ҳудудир 655,22 миллион доллар дорад. Ин қарзи Чин барои сохтмони роҳҳо ва кашидани хатти интиқоли барқ масраф шуда ва мешавад.

Дар соли 2010 Тоҷикистон барои бозпардохти қарзҳои хориҷии худ 162 миллион сомонӣ ва 37 миллион доллар ихтисос додааст.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2009 1 миллиарду 691,3 миллион долларро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG