Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 22 нафар дар садамаи автобус дар Қандаҳор


Полиси Афғонистон мегӯяд, дар садамаи як автобус дар вилояти Қандаҳор 22 нафар ба ҳалокат расидаанд. Раиси полиси роҳи ин вилоят Муҳаммадуллоҳ Хон гуфт, 26 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Вай афзуд, автобус ба самти Кобул ҳаракат мекард ва бо сабаби риоя накардани маҳдудияти суръат, ронанда натавонистааст, онро идора кунад. Дар натиҷа автобус аз роҳ берун рафта, сарнагун шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG