Пайвандҳои дастрасӣ

Майкл Ҳойден, раиси пешини созмони иттилооти марказии Амрико CIA ё СРУ, бо ибрози нигаронӣ аз паёмади дастёбии Эрон ба ҷангафзорҳои ҳастаӣ ва бо зери суол бурдани короии таҳримҳо алайҳи Эрон гуфтааст, эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба Эрон, («бадтарин гузинаи мавҷуд»), бештар мешавад.

Майкл Ҳойден, раиси пешини созмони иттилооти марказии Амрико CIA рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии телевизони CNN гуфтааст, таҳримҳо барои мутаваққиф сохтани барномаи ҳастаии Эрон ва ҷилавгирӣ аз рафтан ба сӯи ҷангафзорҳои ҳастаии Эрон муваффақиятомез набудааст.

Ин ҷенероли бознишастаи нерӯҳои ҳавоии ИМА, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Ҷурҷ Буш раёсати Созмони иттилооти марказии Амрикоро ба ӯҳда дошт, бо ибрози нигаронӣ нисбат аз дастёбии Эрон ба тавоноии сохти ҷангафзорҳои ҳастаӣ онро ба андозаи тавлиди ин гуна ҷангафзорҳо дар Эрон «бесуботкунанда хондааст».

Майкл Ҳойден ҳамчунин бо баёни ин, ки бар даврони раёсати вай гузинаи ҳамлаи ҳавоӣ ба Эрон дар поини феҳристи гузинаҳо қарор дошт, афзудааст: «Ба назари шахсиам ва лозим аст рӯи ин (шахсӣ будан) таъкид кунам, ки чанде аст ба ин натиҷа расидаам, ки чӣ басо ин гузина аз ҳама натоиҷ бадтар набошад».

Суханони раиси пешини созмони иттилооти марказии Амрико дар ин бора танҳо чанд рӯз пас он бар забон оварда шудааст, ки бар пояи бархе гузоришҳои мунташиршуда 47 тан аз аъзои ҷумҳурихоҳи маҷлиси Амрико бо ирояи қатъномаие аз иқдомоти эҳтимолии Исроил алайҳи Эрон ҳимоят карда буданд.

Бар пояи гузоришҳои мунташиршуда, ин намояндагони ҷумҳурихоҳ, ки пешнависи мавриди ҳимояти онҳо тавассути Лупи Гумарт аз вилояти Техас ба кумитаи равобити хориҷӣ ироя шуда аст, бар қатъномаи пешниҳодии худ бо ҳимояти ошкор аз ҳамлаи Исроил ба Эрон, таъкид карда буданд.

Ҳимояти Кунгураи Амрико аз иқдоми эҳтимолии Исроил

Кунгураи ИМА аз иқдоми эҳтимолии Исроил барои аз ҳама «абзорҳои лозим» алайҳи Эрон, аз ҷумла «истифода аз нерӯи низомӣ» ҳимоят хоҳад кард.

Ин изҳори назари раиси пешини Созмони иттилооти марказии Амрико ва низ ҳимояти бархе намояндагони Маҷлиси Намояндагони Амрико аз ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон дар ҳоле аст, ки вазорати дифои ИМА дар моҳи апрели соли ҷорӣ эълом карда буд, ҳамла ба Эрон «дар ояндаи наздик» дар дастури кори Амрико қарор надорад.

Бо ин ҳол, Пентагон истифода аз гузинаи низомӣ барои поён бахшидан ба таниш бар сари барномаи ҳастаи Эронро рад намекунад. Ҳарчанд дар моҳҳои гузашта бархе аз фармондеҳони баландпояи низомии Амрико нисбат ба паёмадҳои минтақаии ҳамлаи низомӣ ба Эрон ҳушдор додаанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва дар раҳбарии онҳо Амрико ва Исроил нигарони барномаи ҳастаии Эрон ҳастанд ва Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар пӯшиши ин барнома дар садади дастёбӣ ба технологияи лозим барои сохти силоҳи атомӣ аст.

Аммо Теҳрон ҳамвора ин иттиҳомро рад намуда ва эълом кардааст, барномаи атомиаш комилан сулҳомез ва дар ростои тавлиди энержӣ ва низмандиҳои пизишкӣ аст.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид то кунун бо тасвиби чор қатънома аз Эрон хостааст, фаъолиятҳои ҳасоси ҳастаии худ, ки қобилияти корбурд дар сохти ҷангафзорҳои ҳастаиро низ дорад, қартъ кунад.

ИМА ва Исроил, ки барномаи ҳастаии Эронро таҳдиде барои амнияти худ арзёбӣ мекунанд, борҳо таъкид кардаанд, ҳар чанд аз талошҳои дипломатӣ барои водор сохтани Эрон ба сарфи назар кардан аз ин барнома ҳимоят мекунанд, аммо ҳамлаи низомиро ба унвони як роҳи ҳалли эҳтимолӣ аз дастури кори худ хориҷ намекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG