Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» - ғолиби давраи дуввуми сабқати Лигаи олӣ


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар даври 17-уми сабқати Лигаи олӣ бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуд, ғолиби давраи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон гардид.

Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар сурат гирифт. Фарҳод Тоҳиров ва Юсуф Рабиев дуголӣ ба самар расонданд. Воқеъан, капитани «Истиқлол» Юсуф Рабиев бо 17 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот дар ҷои аввал мебошад.

Баъди ин ғалаба «Истиқлол» бо 40 имтиёз аз 16 бозӣ мавқеъашро дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқа устувор кард. «Истиқлол» ягона дастаест, ки бохт надорад.

Вале рақиби аслии «Истиқлол» барои дарёфти увони қаҳрамони Тоҷикистон - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода боз ноком шуд. «Регар» ТадАЗ дар меҳмонӣ аз дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ҷамолиддин Оев дар дақиқаи 34-ум ҳисобро боз кард. Голи дуввуми мизбононро Обидҷон Исмоилов дар дақиқаи 70-ум ба ҳадаф расонд. Ғалабаи 8-ум ба дастаи нави лигаи олӣ - «Хайр» имкон дод, ки бо 27 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа як зина боло – ба ҷои севум барояд.

Баъди анҷоми ин бозӣ Тоҳир Мӯъминов, мураббии калони дастаи «Хайр», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Ғалабаи имрӯзаи мо ба таври шоиста буд. Ба ягон бозигари даста даъво кардан мумкин нест. Ҳама хуб бозӣ карданд. Вале мо аз ин пирӯзиамон бар дастаи қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон саргарм нашуда, ба бозии навбатӣ дар майдони худ бо дастаи «Хуҷанд» омодагӣ мебинем ва исбот хоҳем кард, ки ғалабаи мо тасодуфӣ набуд».

Вале «Регар» ТадАЗ пас аз бохти дуввуми паиҳам шонси гирифтани ҷои аввалро дар давраи дуввуми мусобиқот аз даст дод. Сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш дар давраи дуввум рӯзи 31-уми июл дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо «Вахш» мавқеаш дар ҷадвал тағйир нахоҳад ёфт.

Дар бозии дигари даври 17-уми мусобиқа «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Тӯбро Аскар Равшанов ба дарвозаи меҳмонон зад.

Бозии охирини даври гузашта байни дастаи мизбон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 31-уми июл


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

16

12

4

0

37-9

40

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)


15

11

2

2

45-10

35

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

15

8

3

4

25-17

27

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

15

7

4

4

17-13

25

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

15

4

6

5

16-22

18

6.

«Энергетик» (Душанбе)

15

4

3

8

17-27

15

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

15

3

5

7

19-27

14

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

15

3

3

9

17-30

12

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

15

0

2

13

7-44

2


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 17 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ») – 12, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.

Даври 18-ум 31-уми июл (шанбе)
«Хайр» - «Хуҷанд»
«Вахш» - «Регар» ТадАЗ

1-уми август (якшанбе)
«Равшан» - «Парвоз»
ССКА «Помир - «Энергетик»
XS
SM
MD
LG