Пайвандҳои дастрасӣ

Кумисиюни марказии интихоботи Афғонистон як теъдоди довталабон ба номзадии курсии парлумони ин кишварро аз ҳаққи ширкат дар рақобатҳо маҳрум кардааст. Онҳо аксаран ҷангсолори собиқ ва гумонбар дар ҳамкорӣ бо Толибону истихбороти хориҷӣ мебошанд.

Як масъули ин кумисиюн ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ин афрод ба далели нуқсонҳои ҷиддӣ дар ҳуҷҷатҳо ва шахсияти шубҳаангезашон аз ҳаққи мубориза барои курсии вакилии парлумони Афғонистон маҳрум шудаанд.

Интихоботи палатаи поёнии парлумонии Афғонистон ё худ Вулуси Ҷирга моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад. Барои 249 курсӣ ҳоло беш аз 2 ҳазору 577 нафар мубориза мебаранд, аз ҷумла 405 зан.

Эътимод ба интихобот

Муҳаммадҷон Раҳимӣ, сокини 20 - солаи вилояти Балхро мо дар миёни тӯдаи афроде дарёфтем, ки барои гирифтани хабарномаи раъйдиҳӣ дар дафтари вилоятии Кумиссиюни мустақили марказии интихоботи Афғонистон навбат меистод.

Вай барои гирифтани хабарнома аз вулусволии Давлатобод, 40 - километрии маркази вилоят ба Мазори Шариф омадааст. Дар посух ба суоли мо, ки чӣ ӯро маҷбур кардааст, то аз ин дурӣ барои гирифтани варақа ояд, гуфт:

“Мехоҳам, ки раъй диҳам ба нафаре, ки барои ояндаи ватани мо хизмат кунад”


Нилуфар бинти Муҳаммқурбони 18-сола, хонандаи синфи 6-и яке мактабҳои Мазори Шариф низ дар анбӯҳи заноне меистод, ки аз гӯшаҳои мухталифи вилояти Балх ба Мазори Шариф омада буд. Вай мегӯяд, мехоҳад дар кишваре, ки мардсолор муаррифӣ мешавад, аз ҳаққу ҳуқуқҳои худ дифоъ кунад:

“Ҳаққи мо бо мардон мусовӣ аст. Мо ҳам мехоҳем ватани худ ва худро ободу озод бинем”

Тибқи муқаррароти Афғонистон, хабарномаҳои раъйдиҳиро худи раъйдиҳандагон бояд аз марокизи кумиссиюнҳои вилоятии интихобот дастрас кунанд. Тибқи иттилоъи масъулини Балх, дар шаҳри Мазори Шариф теъдоди ин гуна марокиз ба се адад мерасад.

Масъулин мегӯянд, ҳукумати ин кишвар нерӯи кофии дастрас кардани хабарномаҳо ба мардумашро надорад, аз ин хотир, сокинон худ барои гирифтани онҳо меоянд.

Талошҳо барои тақаллубкорӣ

Иззатулоҳи Ормон, раиси дафтари Кумисиюни мустақили интихоботи Афғонистон дар вилояти Балх мегӯяд, рӯз ба рӯ теъдоди онҳое, ки мехоҳанд хабарнома гиранд, меафзояд. Вай афзуд, худи номзадҳо ҷонибдоронашонро тарғиб мекунанд, ки хабарнома гиранд, ҳатто аз вулусволиҳо (ноҳияҳо) барояшон мошин киро мекунанд ва ин ҷо мавзӯи рақобат аст.

Аммо оқои Ормон мегӯяд, тақаллубкориҳо ҳам ба назар мерасанд:

“Баъзе номзадҳо шиносномаҳои раъйдиҳандагонеро, ки ҳанӯз синнашон ба 18 нарасидааст, тағйир медиҳанд, яъне синни онҳоро дар ҳуҷҷат хат зада, синни мувофиқро менависанд ва онҳоро нусхабардорӣ карда ба кумиссиюни интихобот муроҷиат мекунанд. Баъзеҳо омада ба сари мо зӯри ҳам мекунанд. Мо ҳақ надорем, ки номи онҳоро мушаххас гӯем, ба хотири эҷод нашудани мушкил. Хусусан, фармондеҳон ва аз табақаи онҳо мераванд ва мардумро таҳдид мекунанд”

Зимнан, Кумиссиюни мустақили марказии интихоботи Афғонистон 36 довталаби номзадӣ ба намояндагии курсии парлумониро аз ҳаққи ширкат дар сабқати интихоботӣ маҳрум кардааст. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, 13 тан аз эшон ба далели ҷангсолорӣ ва шумораи назарраси дигар, аз ҷумла афроде будаанд, ки дар ҳамкории пинҳонӣ бо Толибону истихборотӣ хориҷӣ гумонбар мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, фаъолии мардум дар ба даст овардани хабарномаҳо ба манзури ширкат дар интихобот ҳанӯз ҳам таҳти таъсири ҷангсолорони собиқ ҷараён дорад.

Ҳазфи номи ҷангсолорон

Фотима Вафоӣ, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ҳазфи теъдоди хеле ками ҷангсолорон аз сабқати интихоботӣ аз сӯи ҳукумат интихобӣ буда, танҳо онҳое бартараф шудаанд, ки нуфузашон костааст:

“Гуфтанд, инҳо вобаста ба афроде ҳастанд, ки ҷангсолор ҳастанд ё дар ҷангҳои се даҳаи ахири Афғонистон инҳо дахил ҳастанд. Аммо онҳо ҳазф шуданд, чаро дигарон ҳазф намешаванд? Ин пеши мардум суол аст”.

Зимнан, дар рӯйхати номзадҳо ба намояндагии маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон онҳое низ ба назар мерасанд, ки аз сӯи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари маҳалливу байнулмилалӣ ҷангсолор муаррифӣ шудаанд, аз қабили Абураб Расули Сайёф, Муҳаммади Муҳаққиқ, Амонуллоҳи Гузар ва низ аз толибони собиқ Абдусаломи Рокетӣ.

"Устод Раббонӣ ширкат нахоҳад кард"

Тибқи иттилоъи мақомот, дар ин интихобот Бурҳонуддини Раббонӣ, аз раҳбарони умдаи ҷиҳодии Афғонистон ширкат нахоҳад кард.

Дар интихоботи парлумонии Афғонистон, ки 18 сентябри соли равон баргузор мешавад, барои 249 курсии Вулуси Ҷирга ҳоло беш аз 2 ҳазору 577 номзад, аз ҷумла 405 зан мубориза мебаранд.

Ин интихоботи дуввуми парлумонӣ дар Афғонистон аст, ки баъд аз ба қудрат расидани Ҳомид Карзай бо кӯмаки нерӯҳои байнулмилалӣ баргузор мешавад. Соли 2005 ба парлумони Афғонистон дар қатори дигар нерӯҳои сиёсии анъанавӣ, умдатан муҷоҳидин роҳ ёфта буданд.

Аммо дафтари Кумиссиюни мустақили марказии интихоботи Афғонистон дар Балх мегӯяд, аз 84 номзаде, ки барои 10 курсӣ мубориза мебаранд, 70 дарсад ҷавононанд ва даст дар нақзи ҳуқуқи инсону ҷангҳои се даҳаи ахири кишвар надоранд.

Аммо коршиносон мегӯянд, ҷангсолорони собиқ, ки ҳанӯз дар кишвар нуфуз доранд, тариқи афроди таҳти ҳимояташон дар интихобот ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG