Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо ҷосусони ихроҷшуда сурудхонӣ кардааст


Сарвазири Русия Владимир Путин гуфт, бо ҷосусони аз Амрико ихроҷшудаи рус мулоқот карда ва ҳамроҳ бо онҳо гимни ғайрирасмии КГБ-ро сурудааст. Путин аммо макон ва замони мулоқоташ бо 10 ҷосуси махуфи Русия дар Амрикоро ифшо накард. Ихроҷи ин ҷосусон дар авоили моҳи июл бузургтарин ҷанҷоли ҷосусӣ аз замони Ҷанги сард ба ин сӯ дониста мешавад. Путин, ки дар Украина сӯҳбат мекард, гуфт, ки онҳо “С чего начинается Родина?” ва таронаҳои дигари амсоли инро сурудаанд. “С чего начинается Родина?” аз як сериали соли 1968 аст, ки дар бораи ҷосусони шӯравӣ дар Олмони нозӣ қисса мекунад. Ин тарона ҳамчун гимни ғайрирасмии афсарони иктишофии Русия маъруф аст.
XS
SM
MD
LG