Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Эрону ИА моҳи сентябр доир хоҳад шуд


Вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлу гуфт, Эрон метавонад “дар поёни моҳи Рамазон ва эҳтимолан дар ҳафтаи дуввуми моҳи сентябр” бо ИА бар сари барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш музокирот доир кунад. Довудуғлу, ки дар Истамбул дар пайи мулоқот бо ҳамтоёни эрониву бразилиягиаш Манучеҳри Мутаккӣ ва Селсо Аморим сӯҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, Эрон рӯзи 26 июл ба Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ нома фиристода, хостори шурӯъи музокироти алоҳидаи “фаннӣ” пиромуни роҳкоре хоҳад шуд, ки дар моҳи май бо кӯмаки Туркияву Бразилия ба хотири ҳалли баҳси ғанисозии ураниуми Эрон пешниҳод шуда буд.
XS
SM
MD
LG