Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи нави мушакӣ алайҳи ҷангиён дар Вазиристон


Мақомоти иктишофӣ мегӯянд, ҳамлаи мушакии эҳтимолан Амрико мунҷар ба ҳалокати 4 ҷангӣ дар шимолуғарби Покистон шудааст. Ба гуфтаи ин мақомот, ҳавопаймои бидуни сарнишин шоми якшанбе болои манзиле дар наздикии Мироншоҳ, бузургтарин шаҳри устони Вазиристони шимолӣ 2 мушак партоб кард. Ин дуввумин ҳамлаи мушакӣ дар 12 соати охир дар манотиқи қабиланишин ва бо Афғонистон ҳаммарзи Покистон будааст. Қаблан як ҳамлаи мушакии Амрико дастикам 4 ҷангиро дар устони ҳамҷавори Вазиристони ҷанубӣ, ки қаблан ҳамчун пойгоҳи Толибон шинохта мешуд, ба ҳалокат расонд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG