Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду гумонбар ба ҳамла алайҳи нирӯгоҳи Баксан


Пулиси Русия ду марди гумонбар ба даст доштан ба ҳамлаи рӯзи 21 июл ба нирӯгоҳи Баксан, дар минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолиро ба ҳалокат расондааст.
Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли як манбаъ дар вазорати умури дохилии Русия навишт, бовар меравад, ки ин ду нафар дар як силсила ҷиноёти мудҳиш, аз ҷумла инфиҷор дар нирӯгоҳи Баксан даст доштанд. Гуфта мешавад, пулис аз мошини онҳо силоҳу муҳимот низ мусодира кардааст. Тайи ҳамлаи ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурии Кабардину Балқар, ҷангиён ба нирӯгоҳ ҳамла оварда, ду муҳофизашро куштанд ва бо анҷоми як силсилаи таркишҳо нирӯгоҳи Баксанро ба коми оташ кашиданд.
XS
SM
MD
LG