Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мегӯянд, як амрикоиро асир гирифтаанд


Чирикиҳои толиб дар Афғонистон мегӯянд, яке аз ду сарбози амрикоии рӯзи 23 июл ғайбзадаро дар асорат нигоҳ медоранд ва ҷасади сарбози дуввум, ки кушта шудааст, низ дар дасти онҳост. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки ин сарбозон вориди минтақаи таҳти назорати чирикиҳо шуданд ва дар натиҷаи даргирии кӯтоҳе якеи онҳо кушта шуда ва дуввумӣ ба асорат уфтод. Аммо ӯ ба хабари қаблӣ мабнӣ ба ин ки ҷангиён табодули ҷасади сарбози кушташуда бо толибҳои асируфтодаро пешниҳод кардаанд, ишорае накард. Ин ду сарбоз 3 рӯз пеш бо мошине аз қароргоҳи худ дар Кобул берун рафта, барнагаштанд.
XS
SM
MD
LG